Обуҳавосанҷӣ ва соҳаи ба он алоқаманд

Номгӯи иҷозатнома: иҷозатнома барои фаъолият дар сохаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаи ба он алоқаманд

Намуди фаъолият: фаъолият дар сохаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаи ба он алоқаманд

Мақсади иҷозатномадиҳӣ: ба танзим даровардани фаъолиятҳо дар соҳаи обуҳавосанҷӣ

Асоси ҳуқуқӣ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани

Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳии баъзе намудҳои фаъолият» аз 03.04.2007с. №172

Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ

Суроғаи расмии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: ш.Душанбе, кӯчаи Шевченко 47

Рақами телефони хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: 221-51-91, 221-55-22

Нишонаи электронии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Сомонаи интернетии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: www.meteo.tj

Вақтҳои кории хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: Душанбе - Ҷумъа аз 8:00 то12:00 ва аз13:00 то 17:00

Шахси масъул: Сафаров Маҳмад Табарович

Рақами телефони шахси масъул: 221-51-91, 221-55-22

Нишонаи электронии шахси масъул: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Рӯзҳои қабул ва вақтҳои кории шахси масъул: рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа

Хироҷ барои баррасӣ намудани иҷозатнома: чор нишондиҳанда барои ҳисобот

Хироҷ барои додани иҷозатнома: даҳ нишондиҳанда барои ҳисобот

Хироҷ барои аз нав додани иҷозатнома: ду нишондиҳанда барои ҳисобот

Мӯҳлати баррасии ариза ва додани иҷозатнома: на зиёда аз 30 рӯз, аз рӯзи ворид гардидани аризаи довталаби иҷозатнома

Мӯҳлати амали иҷозатнома: 5 сол Шарту талаботҳои иҷозатномадиҳӣ:
мавҷуд будани шахсони дорои таҳсилоти тахассусӣ ва собиқаи кории на камтар аз 3 сол дошта 
мавҷуд будани асбобу таҷҳизоти зарури барои иҷрои корҳо 
мавҷуд будани аттестати бо тартиби муқарраргардида додашудаи аккредитатсияи иҷрои корҳо дар соҳаи обуҳавосанҷи ва мониторинги сифати муҳити табиии зист барои иҷозатномагиранда ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ва сохторҳои ҳудудии он бетаъхир расонидани маълумот оид ба ҳолати муҳити табиии зист олудашавии он, ҳолатҳои фавқулоддаи хислати техногени дошта, ки ба муҳити табиии зист таъсири манфи расонидааст (мерасонад, ё мумкин аст расонад)  бо тартиби муқарраргардида ба маркази наздиктарини обуҳавосанҷи расонидани маълумоти фаврие, ки дар натиҷаи мушоҳидаҳо, ё иттилооти таъҷили ба даст оварда шудааст  ба Фонди ягонаи маълумотҳо оид ба ҳолати муҳити табиии зист расонидани иттилооти соҳаи обуҳавосанҷи ва мониторинги муҳити табиии зист ва олудашавии он

Номгӯй ва намунаи ҳуҷҷатҳое, ки барои ба даст овардани иҷозатнома заруранд:

ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва номи бонк
барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он
намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро доранд ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин фаъолият анҷом дода мешавад
барои шахси ҳуқуқӣ - нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ
барои соҳибкори инфиродӣ - нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ -нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз 
ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои барраси шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;
маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома  маълумот доир ба базаи меъёрию техникӣ  мавҷуд будани сертификати мутобиқати таҷҳизот ва асбобҳо

Намунаи ариза (тахия нагардидааст)