Фаъолият оид ба харид ва фурӯхтани воситаҳои махсуси техникие, ки барои ба даст овардани иттилооти махфӣ истифда бурда мешаванд

Номгӯи иҷозатнома: иҷозатнома барои харид ва фурӯхтани воситаҳои махсуси техникие, ки барои ба даст овардани иттилооти махфӣ истифда бурда мешаванд

Намуди фаъолият: фаъолтят оид ба харид ва фурӯхтани воситаҳои махсуси техникие, ки барои ба даст овардани иттилооти махфӣ истифда бурда мешаванд

Мақсади иҷозатномадиҳӣ: ба танзим даровардани соҳаи мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Асоси ҳуқуқӣ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: Раёсати бозрасии давлатии техникӣ

Суроғаи расмии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: ш. Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 37

Рақами телефони хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: 227-83-05, 227-86-53

Нишонаи электронии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Сомонаи интернетии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Вақтҳои кории хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: Душанбе - Ҷумъа аз соати 8:00 то 17:00

Шахси масъул: Мансуров Саидмурод Маҳмудович

Рақами телефони шахси масъул: 227-89-96

Нишонаи электронии шахси масъул: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Рӯзҳои қабул ва вақтҳои кории шахси масъул: Душанбе – Панҷшанбе аз соати 8:00 то 17:00

Хироҷ барои баррасӣ намудани иҷозатнома: 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо

Хироҷ барои додани иҷозатнома: 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо

Хироҷ барои аз нав додани иҷозатнома: 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо

Мӯҳлати баррасии ариза ва додани иҷозатнома: на зиёда аз 30 рӯз

Мӯҳлати амали иҷозатнома: 5 сол

Шарту талаботҳои иҷозатномадиҳӣ: -фаъолият танҳо дар объектҳои аттестатсиякардашуда, ки ба меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии бехатарии иттилоот мутобиқанд, амали шуда метавонад -асбобҳо, таҷҳизотҳои техникӣ ва электронӣ бояд ба мутобиқат сертификатсия карда шаванд, асбобҳо ҳамчунин дар мақомот оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия санҷида шаванд -ҳайати кормандон бояд аттестатсия карда шаванд ва ба маълумоти дорои сирри давлатӣ иҷозат дошта бошанд -акти экспертизаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афканишоти электромагнитии иловагии шахсӣ мавҷуд бошад -нақшаи шабакаҳои муҳандисӣ (қувваи барқ, алоқа, обистифодабарӣ, обгардонӣ, богармитаъминкунӣ, сигнализатсияи зиддисӯхторӣ ва посбонӣ, шабакаи маҳаллии радиоӣ) мавҷуд бошад -иҷозатномадор вазифадор аст ҳангоми дар объектҳои фаъолияташ ошкор намудани вайронкунии меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии иттилоот ба Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад

Номгӯй ва намунаи ҳуҷҷатҳое, ки барои ба даст овардани иҷозатнома заруранд:

1.ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

А. барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва номи бонк
В. барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он
2. намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро доранд ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин фаъолият анҷом дода мешавад
3. барои шахси ҳуқуқӣ - нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ
4. барои соҳибкори инфиродӣ - нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ
5. нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз
6. ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои барраси шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад
7. маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома
8. рӯзи додани ариза ва имзои довталаб

Намунаи ариза

Намунаи ичозатнома