Геодезӣ, харитасозӣ

Номгӯи иҷозатнома: иҷозатнома барои фаъолияти геодезӣ, харитасозӣ

Намуди фаъолият: фаъолияти геодезӣ, харитасозӣ

Мақсади иҷозатномадиҳӣ: таъмини риояи стандартҳо ва талаботҳои зарурӣ барои амалигардонии фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ҳимояи манфиатҳои ҷамъият ва давлат

Асоси ҳуқуқӣ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳии баъзе намудҳои фаъолият” аз 03.04.2007с. №172

Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ

Суроғаи расмии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: ш.Душанбе, кӯчаи Абай 4/1

Рақами телефони хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: 231-39-68

Нишонаи электронии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Сомонаи интернетии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Вақтҳои кории хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: Душанбе - Ҷумъа аз 8:00 то 17:00

Шахси масъул: Насриддинова К.

Рақами телефони шахси масъул: 231-39-68

Нишонаи электронии шахси масъул: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Рӯзҳои қабул ва вақтҳои кории шахси масъул: сешанбе аз 10:00 то 12:00 ва ҷумъа аз 10:00 то 12:00

Хироҷ барои баррасӣ намудани иҷозатнома: чор нишондиҳанда барои ҳисобот

Хироҷ барои додани иҷозатнома: даҳ нишондиҳанда барои ҳисобот

Хироҷ барои аз нав додани иҷозатнома: чор нишондиҳанда барои ҳисобот

Мӯҳлати баррасии ариза ва додани иҷозатнома: на зиёда аз 30 рӯз, аз рӯзи ворид гардидани аризаи довталаби иҷозатнома

Мӯҳлати амали иҷозатнома: 5 сол

Шарту талаботҳои иҷозатномадиҳӣ:
-мутобиқати интихоби методикаи корхо, миқёси наворҳо ва буриши релеф ба санадҳои меъёри -мавҷуд будани кадрҳои бо маҳорати иҷрокунанда

-мавҷуд будани асбобҳои геодезӣ, ки дар Феҳристи давлатии воситаҳои ченак ба қайд гирифта шудаанд ва аз санҷиши эътимодноки давлатӣ гузаштаанд

-мавҷуд будани таҳсилоти олӣ ва собиқаи кории на кам аз 3 сол дар ин ихтисос ё таҳсилоти миёнаи махсус бо собиқаи кории на кам аз 8 сол дар ин ихтисос

Номгӯй ва намунаи ҳуҷҷатҳое, ки барои ба даст овардани иҷозатнома заруранд:

ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

- барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва номи бонк
- барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он
- намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро доранд ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин фаъолият анҷом дода мешавад
-барои шахси ҳуқуқӣ - нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ
- барои соҳибкори инфиродӣ - нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз
- ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои барраси шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;
- маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома
- маълумот дар бораи базаи техникӣ

Намунаи ариза барои фаъолияти геодези

Намунаи ариза барои фаъолияти топографи-геодези

Намунаи ичозатнома