Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ
There are no translations available.

24 майи соли 2019 дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, муҳтарам Давлаталӣ Саид доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Муовини Раиси Шўро - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аъзои Шӯро - вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва даъватшудагон - намояндагони Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи андоз ва дигар шахсони масъул иштирок варзиданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, масъалаи ба феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ворид намудани рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба соҳаҳои истеҳсолӣ мансуб мебошанд ва ҳисоботи омориро оид ба истеҳсолот ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор месупоранд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон, дар рафти ҷаласаи Шӯро масъалаи аз феҳристи қайдгардида хориҷ намудани субъектҳое, ки дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо фаъолияти худро ба самтҳои хизматрасониву савдо, ё ин ки фаъолияти худро пурра ё муваққатан қатъ намудаанд, баррасӣ карда шуд.