Дар бораи лоиҳа

Феҳристи ягонаи электронӣ оид ба иҷозатнома (литсензия) ва иҷозатдиҳӣ аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии лоиҳаи «Рушди соҳибкории хурд ва миёна дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) амалӣ шуда аз тарафи Шӯъбаи ҳамкории иқтисодӣ ва рушди давлатии котиботи Шветсария оид ба иқтисод (SECO) ва Вазорати рушди байналхалқии Бритониёи Кабир (UKaid) маблағгузорӣ мешавад, барои шафофият андохтан ба раванди иҷозатнома ва иҷозатдиҳӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва осон намудани кори соҳибкорон ва мақомотҳои иҷозатнома (литсензия) ва иҷозатдиҳанда, ба роҳ монда шудааст.

Мақсад аз ба роҳ мондани Феҳристи ягонаи электронӣ оид ба иҷозатнома (литсензия) ва иҷозатдиҳӣ ба соҳибкорон имконияти зудтар дастрас намудани маълумоти амиқ ва пурраро оид ба раванди ба даст овардани иҷозатнома (литсензия) ва ё иҷозат барои фаъолияте, ки барои пешбурди он иҷозатнома (литсензия) ва ё иҷозат лозим аст фароҳам меорад.

Дар давоми ҳашт сол аз оғози фаъолият, лоиҳаи IFC оид ба рушди соҳибкории хурд ва миёна дар Тоҷикистон аз ҳамкории қавӣ бо бисёре аз мақомотҳои давлатӣ, муассисаҳои ҷамъиятӣ ва хусусии фаъол дар Тоҷикистон ва низ як қатор созмонҳои байналмилалӣ баҳра бардоштаст.

Гурӯҳи кории лоиҳаи «Рушди соҳибкории хурд ва миёна дар Тоҷикистон» миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамояд.

______________________________________________________________
Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) узви Гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ буда, яке аз ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба рушд ба ҳисоб рафта фаъолияти худро барои рушди устувори бахши хусусии кишварҳои ру ба тарақӣ равона кардааст. IFC кӯшиш ба харҷ медиҳад то барои аз сатҳи камбизоати баромадан ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум имконият фароҳам орад. IFC барои рушди устувори иқтисодӣ дар кишварҳои ру ба тарақӣ тавассути дастгирии бахши хусусӣ, сафарбаркунии маблағ, машварат ва хизматрасонӣ мусоидат менамояд. Дар шароити номуайянии молиявӣ, сармоягузории IFC дар соли 2010 ба 18 миллиард доллари ИМА расид.

Шӯъбаи ҳамкории иқтисодӣ ва рушди давлатии котиботи Шветсария оид ба иқтисод (SECO) мақоми масъул барои банақшагирӣ ва амалисозии иқдомҳои сиёсати иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои ру ба тарақӣ, кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин кишварҳои узви нави Иттиҳоди Аврупо мебошад. Мақсади асосии SECO мусоидат намудан ба рушди босуботи иқтисодии кишварҳои ру ба тарақӣ ва ба ин васила дар роҳи паст кардани сатҳи камбизоатӣ саҳмгузор шудан аст.

Вазорати рушди байналхалқии Бритониёи Кабир (UKaid) кӯмаки Бритониёро ба давлатҳои камбизоат идора мекунад ва дар сафи пеши муборизаи Ҳукумати Бритониё алайҳи камбизоатии шадид дар ҷаҳон қарор дорад. UKaid дорои 64 намояндагӣ дар кишварҳои гуногун мебошад ва кормандони он бо ҳукуматҳои кишварҳои ру ба тарақӣ, созмонҳои хайрия, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ширкатҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ аз қабили СММ, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ ҳамкорӣ мекунад.