Вохӯри бо намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти санҷишию иҷозатдиҳандаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияиҳои тобеи ҷумҳурӣ дар соли 2017

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Корпорасияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон (IFC), Гуруҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав ва санадҳои зерқонуние, ки барои татбиқи қонуни мазкур қабул гардидаанд, инчунини Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд (Бӯстон, Истиқлол, Гулистон, Деваштич, Ҷ.Расулов), Конибодом (Исфара, Айни, Шаҳристон, Ашт, Бобоҷон Ғафуров), Қӯрғонтеппа (Вахш, Сарбанд, Бохтар, Хуросон, Норак, Ёвон, А.Ҷомӣ, Данғара, Дӯстӣ, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритуз, Н.Хусрав), Кӯлоб (Ш.Шоҳин, Темурмалик, Ховалинг, Балҷувон, Восеъ, Фархор, М.С.А.Ҳамадонӣ, Муъминобод), Хоруғ (Ишкошим, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Мурғоб, Шуғнон, Роштқалъа), Ваҳдат (Файзобод), Турсунзода (Ҳисор, Шаҳринав), Рашт (Лахш, Тавилдара, Тоҷикобод, Нуробод, Роғун, Рашт), Рӯдакӣ ва Варзоб вохӯриҳои омӯзишию тарғиботиро барои соҳибкорон ва намояндаҳои ассотсиатсияҳои бахши хусусӣ, инчунин мақомоти санҷишию иҷозатдиҳанда баргузор намуд.

 

f

Дар раванди вохӯрӣ аз ҷониби масъулини Кумита ба иштирокчиён санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва расмиёти тариқи электронӣ гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор   муаррифӣ гардид.

 

k

Ҳангомӣ, вохӯриҳои баргузоргардида аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ саволҳо оид ба талаботи қонунгузорӣ ҳангоми гузаронидан санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, инчунин тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба масъулини Кумита пешниҳод гардид, ки ба ҳамаи онҳои ҷавобҳои дахлдор бо дарназардошти талаботи қонунгузории соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ дода шуд.

 

j

Дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар ҷумҳурӣ санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро аз рӯйи таваккал ба роҳ монда, расмиёти гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор ва шахсони мансабдори мақомоти санҷиш, ҳисоботдиҳӣ, омӯзиш ва баҳодиҳии фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти санҷиш ва ҳамкории мақомоти санҷишро муқаррар мекунад.

 

h

Ҳамчунин, дар баробари ин бартариятҳои қонуни нав муаррифӣ карда шуда, қайд гардид, ки мафҳумҳои таваккал, меъёрҳои баҳодиҳии дараҷаи он, мақоми ваколатдори давлатӣ, объекти санҷиш, дар бораи тасдиқи шакл ва тартиби истифодаи дафтари бақайдгирии санҷишҳо ва ғайра ҳамчун мафҳумҳои нав пешбинӣ гардидааст.

 

l

Дар соҳаи Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ

Дар баробари муаррифии қонунгузории соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби масъулини Кумита корҳои фаҳмондадиҳӣ ба мақомоти иҷозатдиҳанда дар маҳал оид ба Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, тартиби дуруст пешниҳод намуди маълумот оид ба њуљљатњои иљозатдињӣ ҷиҳати гузаронидани мониторинги татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ оид ба расмиёти тариқи электронӣ гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ гузаронида шуд.

 

p

 

Муаррифномаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор"

Муаррифномаи Қоидаҳои пешбурди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ

 

734075, Ҷумҳурии Тоҷикистон,

шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур  - 27

Тел: (992 37) 221-86-59(ф), 221-71-04

(992 37) 221-76-44 (алоқаи мустақим)

Веб-сайт: www.gki.tj

Почтаи электронӣ: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript