Ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ

 

Рӯзи 25 феврали соли 2017 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ бо
иштироки аъзои Шӯро, намояндагони мақомоти санҷишӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ баргузор
гардид.

Шуро дуюм

Ҷаласаи навбатии Шӯро ҷаласаи дуюм ба ҳисоб рафта, дар он қарорҳои дахлдори Шӯро вобаста
ба рӯзномаи ҷаласа қабул гардиданд.
Дар ҷаласи мазкур гузориши Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,
муовини Раиси Шӯро – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оид ба рафти иҷрои супоришҳои Протоколи 
№1 Шӯро аз 16 декабри соли 2016 шунида шуда, нақшаҳои солона, номгӯи масъалаҳои назоратии
мақомоти санҷишие, ки барои мувофиқа ба Шӯро пешниҳод гардидаанд мавриди баррасии қарор
гирифтанд.

Шуро дуюм 2

Ҳамзамон дар ҷаласа лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ислоҳоти минбаъдаи
соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, ки аз натиҷаи таҳлил ва тавсияҳои мушовирони
байналмилалии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) дар Тоҷикистон, Гуруҳи Бонки
Умимиҷаҳонӣ ва мушовири байналмилалии Jacobs, Cordova and Associates (Бонки Осиёгии Рушд
(ADB) таҳия карда шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

шуро дуюм 3

Мувофиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои
хоҷагидор” дар ҷумҳурӣ 31 маҷомоти санҷишӣ ва 56 мавзӯи санҷишҳо мушаххас муайян карда
шудааст, ки дар доираи ваколатҳои худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши
фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро аз рӯйи хавфнокӣ ба роҳ монда, тибқи нақшаи муайян ва бо
назардошти мавзуъҳои дахлдори санҷишӣ амалӣ менамоянд.

шуро дуюм 4

Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи
санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” 1 сол ва аз қувваи қонунӣ пайдо кардани он 7 моҳ
сипарӣ гашт. Имсол дар доираи фаъолияти Шӯро шумораи санҷишҳои нақшавӣ то 70 фоиз нисбати
соли гузашта коҳиш дода мешавад (шумораи санҷишҳои нақшавӣ дар соли 2016 – 248 557 адад ва
дар соли 2017 пешниҳодшаванда – 71 362 адад).

 

 

 

 

 

734075, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур -27
Тел: (992 37) 221-86-59(ф), 221-71-04
(992 37) 221-76-44 (алоқаи мустақим)
Веб-сайт: www.gki.tj
Почтаи электронӣ: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript