Ифтитоҳи расмии Низоми ягонаи электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ

2 июни соли ҷорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи расмии Низоми ягонаи электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ  ба тариқи пилотӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар маросими ифтитоҳ Муминзод Абдулмаҷид Мубин – муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Патрисия Виверз-Картер – намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Питер Фернандес Карди - Роҳбари намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон, Натали Барбанчо - муовини роҳбари Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ,мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда, бахши хусусӣ, ташкилотҳои ѓайридавлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Зимни муаррифии Низоми мазкур  Муминзод Абдулмаҷид иттилоъ дод, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ислоҳоти куллӣ дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ гузаронида шуд, ки натиҷаҳои назаррас дода истодааст.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2009, №633 “Дар бораи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дар ҷумҳурӣ ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷаи амалишавии он шумораи иҷозатҳо аз 650 адад ба 86 адад расонида шуд. Ба ақидаи коршиносони байналмилалӣ натиҷаҳои бадастомада беназир буда, нишондиҳандаи баланди бомуваффақии  раванди ислоҳот арзёбӣ гардидааст.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 ҷиҳати ба тариқи электронӣ додани то 30 фоизи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ Низоми ягонаи электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро бо дастгирии лоиҳаи «Беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ», ки аз тарафи Корпоратсияи Байналмиллалии Молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария ва Британияи Кабир маблағгузорӣ мешавад, ба тариқи пилотӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монд.

Бо мақсади ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти табодули маълумоти хаттӣ ва электронӣ, Созишнома дар бораи табодули хаттӣ ва электронии маълумот байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2015, №1 ба имзо расонида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Низоми ягонаи электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар низоми мустақим (онлайн) дастрас буда, дар сомонаи интернетии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ www.ijozat.tj дар саҳифаи «Низоми барасмиятдарории электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ» ҷой дода шудааст.