Ҷаласаи навбатии Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 30 сентябри соли 2011, №1146 “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, №859 “Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” 3 ноябри соли 2014 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ баргузор гардид.

Намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи андоз, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Хадамоти гумрук ва Палатаи савдо ва саноат дар ҷаласа иштирок намуданд.

Дар ҷаласа аризаи 24 субъекти соҳибкорие, ки барои гирифтани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба Комиссияи давлатӣ муроҷиат кардаанд, мавриди баррасӣ ва қарор дода шуда, нисбати 14 субъекти соҳибкорӣ барои додани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ қарори дахлдор қабул гардид.