Ҷаласаи навбатии Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тољикистон аз 30 сентябри соли 2011, №1146 “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, №859 “Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” 20 августи соли 2014, соати 1500 дар толори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶумҳурииТоҷикистон Ҷаласаи навбатии Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аризаи 14 субъекти соҳибкорие, ки барои гирифтани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ муроҷиат кардаанд ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи Комиссияи мазкур намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи андоз, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Хадамоти гумрук ва Палатаи савдо ва саноат иштирок карданд.

Дар натиҷаи баррасии аризаҳо Комиссияи давлатӣ ба 11 субъекти соҳибкорӣ барои додани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ қарори дахлдор қабул кард. Субъектҳои соҳибкории мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ворид карда шуданд (www.ijozat.tj).