Семинар – тренинг оид ба Тартиби ягона ва қоидаҳои соддагардонии расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

Дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марњилаи якуми семинар – тренинг оид ба Тартиби ягона ва қоидаҳои содагардонии расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ  рўзҳои 20, 21, 22, 23,  майи соли 2014 бо иштироки шахсони масъули мақомоти иҷозатдиҳанда намояндагони Вазорати корҳои дохили, Вазорати нақлиёт, Вазорати молия, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи меъмори ва сохтмон, Агенти назорати маводи нашъаовар, Хадамот дар соҳаи нақлиёт, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо, Хадамоти назорати фармасевти, Хадамоти алоқа, Хадамоти санитарию эпидемологӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Саридораи геология, ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Турсунзода, Роғун, Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав, Варзоб, Рўдакӣ, Файзобод, Рашт, Нуробод, Тавилдара) баргузор гардид.

Семинар - тренинг аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ бо мақсади муаррифӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳи ва қоидаҳои содагардонии расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба масъулини мақомоти  иҷозатдиҳанда гузаронида шуд.

Дар рафти омузиш 73 нафар иштирок намуданд ва семинар тренинг масъалаҳои  принсипи танзими низоми иҷозатдитҳӣ, расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва  Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар бар гирифт.

Баргузории чунин Семинар – тренинг рузҳои 3 ва 4 июн соли 2014 ба нақша гирифта шудааст.