Номгӯи иҷозат: Иҷозат барои истифодабарии системаҳои кайҳонии мавқеъмуайянкунӣ (GPS)

Намуди фаъолият: корҳои топографӣ геодези, аэрокайҳони ва харитасозӣ
Мақсади иҷозатдиҳӣ: Таъмини сиёсати ягонаи техникӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ, таъмини тақсимоти дурусти сарҳадҳои воҳидҳои марзӣ-маъмурӣ, таъмини ҳифзи нуқтаҳои давлатии геодезӣ, шабакаҳои геодезии барои иқтисодиёти миллӣ ва мудофиа аҳамияти муҳими давлатӣ дошта.
Асоси ҳуқуқӣ: Қонуни ҶТ «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиистон “Дар бораи низоми иҷозатдихӣ”
Мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатдиҳанда: Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад
Суроғаи расмии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатдиҳанда: ш.Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 50.
Рақами телефони хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар масъули мақомоти иҷозатдиҳанда: тел: 2219197, 2278076 Факс: 2278084 РМА 040008202
Нишонаи электронии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатдиҳанда: Topgrafij Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Сомонаи интернетии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатдиҳанда: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Вақтҳои кории хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатдиҳанда: аз 08:00 то 17:00
Шахси масъул: - Ҷураев Ифтихор Ширинҷонович ва Рӯзиқулов Собир Норсафарович
Рақами телефони шахси масъул: - 919926570
Нишонаи электронии шахси масъул: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Рӯзҳои қабул ва вақтҳои кории шахси масъул: Ҳамарӯза аз соати 08:00 то 17:00
Хироҷ барои баррасии ариза: барои баррасии ариза оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ баробар ба як нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт ситонида мешавад, ки он баргардонида намешавад
Хироҷ барои додани иҷозат: барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ баробар ба ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт ситонида мешавад
Хироҷ барои аз нав додани иҷозат: барои азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ баробар ба  чоряки маблағе, ки барои баррасии ариза дар бораи додани ин ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар санаи супурдани ариза дар бораи азнавбарасмиятдарорӣ пардохта мешавад, маблағ ситонида мешавад
Мӯҳлати баррасии ариза ва додани иҷозат: Мақоми иҷозатдиҳанда дар асоси ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида дар бораи додан ё рад намудан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар мӯҳлати на бештар аз даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи бақайдгирии он қарор қабул менамояд.
Иттилоъ оид ба қабули қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба аризадиҳанда на дертар аз рӯзи кории ояндаи баъди қабули қарор дода мешавад. Агар аризадиҳанда дар муддати сӣ рӯзи баъди ба ӯ фиристодани (супурдани) огоҳинома дар бораи қабули қарор оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бе сабабҳои узрнок барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии барасмиятдаровардашуда муроҷиат накарда бошад, мақоми иҷозатдиҳанда ҳуқуқ дорад қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро бекор кунад ё дар бораи беэътибор донистани он қарор қабул намояд.
Мӯҳлати амали иҷозатнома: ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба мӯҳлати номаҳдуди амал ва барои намудҳои фаъолияте, ки бояд иҷозатнома (литсензия) гирифта шавад, ба мӯҳлати амали иҷозатнома дода мешавад.
Шарту талаботҳои иҷозатдиҳӣ: Риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ», Қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи ҳифзи нуқтаҳои геодезӣ” аз 30 апрели соли 2004 №171
Номгӯй ва намунаи ҳуҷҷатҳое, ки барои ба даст овардани иҷозат заруранд:
1. Барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аризадиҳанда ё шахсони ваколатдори у аризаи имзошудаи намунааш тавассути мақомоти иҷозатдиҳанда муқарраргардидаро шахсан, бо мактуби фармоишӣ ё ба воситаи почтаи электронӣ (дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо имзои рақамӣ), ки маълумоти зеринро дар бар мегирад, ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд:
- ном, шакли ташкилию ҳуқуқӣ,  суроғаи ҷойгиршавӣ ва Рақами ягонаи мушаххаси шахси ҳуқуқӣ ё ному насаб, суроға ва Рақами мушаххаси соҳибкори инфиродӣ;
- фаъолият ё амале, ки барои амалӣ намудани он аризадиҳанда мехоҳад ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гирад;
- масъулият ба дӯши худ гирифтани аризадиҳанда барои риояи намудани шартҳои иҷозатдиҳии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолият ва барои эътимоднокии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда.
2. Ба аризае, ки барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пешниҳод мегардад, нусхаи ҳуҷҷати бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродиро тасдиқкунанда, замима карда мешавад. Ба ҳуҷҷатҳо метавонанд нусхаҳо дар шакли электронӣ ҳамроҳ карда шаванд.
3. Ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар ҳолатҳои зерин ба қайд гирифта намешавад:
- имзо шудан аз ҷониби шахсе, ки барои ин ваколат надорад;
- бе риояи талаботи бо ҳамин модда ба расмият даровардашуда
Нусха(ҳо) – и ҳуҷҷатҳои лозима
Намунаи ариза барои кучонидани аломатҳои беруна
Намунаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ барои аломатҳои беруна