Номгӯи иҷозат: Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)

Намуди фаъолият: Истифодаи замин
Мақсади иҷозатдиҳӣ: Тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ мондани истифодаи замин
Асоси ҳуқуқӣ: Моддаи 15 ва 17 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиистон “Дар бораи низоми иҷозатдихӣ”
Мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатдиҳанда: Корхонаи воҳидии давлатии «Марказ Замин» ва корхонаҳои давлатии фаръи дар ВМКБ, Суғд ва Хатлон
Суроғаи расмии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатдиҳанда:

  • ш. Душанбе, кӯчаи Абай 4/1 КВД «Марказ Замин»
  • ш. Хӯҷанд , кӯчаи Фирдавсӣ 116 КДФ «Заминсоз»
  • ш. Қурғонтеппа, кӯчаи Б. Uафуров 6-А КДФ «Заминсоз»
  • ш. Хоруғ, кӯчаи Ленин 54 КДФ «Наврӯз»

Рақами телефони хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар масъули мақомоти иҷозатдиҳанда: (8)37-881-50-21, (8)37-881-84-40
Нишонаи электронии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатдиҳанда: ----
Сомонаи интернетии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатдиҳанда: ----
Вақтҳои кории хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатдиҳанда: Душанбе-Ҷумъа аз соати 8:00 то 17:00
Шахси масъул: Қаҳоров Акрам Набиевич
Рақами телефони шахси масъул: (8)37-881-50-21, (8)37-881-84-40, 907703708
Нишонаи электронии шахси масъул: ----
Рӯзҳои қабул ва вақтҳои кории шахси масъул: Душанбе-Ҷумъа аз соати 8:00 то 17:00
Хироҷ барои баррасии ариза: барои баррасии ариза оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ баробар ба як нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт ситонида мешавад, ки он баргардонида намешавад
Хироҷ барои додани иҷозат: барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ баробар ба ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт ситонида мешавад
Хироҷ барои аз нав додани иҷозат: барои азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ баробар ба  чоряки маблағе, ки барои баррасии ариза дар бораи додани ин ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар санаи супурдани ариза дар бораи азнавбарасмиятдарорӣ пардохта мешавад, маблағ ситонида мешавад
Мӯҳлати баррасии ариза ва додани иҷозат: Мақоми иҷозатдиҳанда дар асоси ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида дар бораи додан ё рад намудан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар мӯҳлати на бештар аз даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи бақайдгирии он қарор қабул менамояд.
Иттилоъ оид ба қабули қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба аризадиҳанда на дертар аз рӯзи кории ояндаи баъди қабули қарор дода мешавад. Агар аризадиҳанда дар муддати сӣ рӯзи баъди ба ӯ фиристодани (супурдани) огоҳинома дар бораи қабули қарор оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бе сабабҳои узрнок барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии барасмиятдаровардашуда муроҷиат накарда бошад, мақоми иҷозатдиҳанда ҳуқуқ дорад қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро бекор кунад ё дар бораи беэътибор донистани он қарор қабул намояд.
Мӯҳлати амали иҷозат: ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба мӯҳлати номаҳдуди амал дода мешавад.
Шарту талаботҳои иҷозатдиҳӣ: Риояи шарту талаботҳои муқарраргардида
Номгӯй ва намунаи ҳуҷҷатҳое, ки барои ба даст овардани иҷозат заруранд:
1. Барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аризадиҳанда ё шахсони ваколатдори у аризаи имзошудаи намунааш тавассути мақомоти иҷозатдиҳанда муқарраргардидаро шахсан, бо мактуби фармоишӣ ё ба воситаи почтаи электронӣ (дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо имзои рақамӣ), ки маълумоти зеринро дар бар мегирад, ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд:
- ном, шакли ташкилию ҳуқуқӣ,  суроғаи ҷойгиршавӣ ва Рақами ягонаи мушаххаси шахси ҳуқуқӣ ё ному насаб, суроға ва Рақами мушаххаси соҳибкори инфиродӣ;
- фаъолият ё амале, ки барои амалӣ намудани он аризадиҳанда мехоҳад ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гирад;
- масъулият ба дӯши худ гирифтани аризадиҳанда барои риояи намудани шартҳои иҷозатдиҳии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолият ва барои эътимоднокии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда.
2. Ба аризае, ки барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пешниҳод мегардад, нусхаи ҳуҷҷати бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродиро тасдиқкунанда, замима карда мешавад. Ба ҳуҷҷатҳо метавонанд нусхаҳо дар шакли электронӣ ҳамроҳ карда шаванд.
3. Ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар ҳолатҳои зерин ба қайд гирифта намешавад:
- имзо шудан аз ҷониби шахсе, ки барои ин ваколат надорад;
- бе риояи талаботи бо ҳамин модда ба расмият даровардашуда
Нусха(ҳо) – и ҳуҷҷатҳои лозима