Кор ва хизматрасони дар соҳаи истифодаи энергияи атом

Намуди фаъолият: фаъолият вобаста ба истифодаи энергияи атом, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда

Мақсади иҷозатномадиҳӣ: ба танзим даровардани раванди фаъолият бо манбаҳои афканишоти ионофар ва таъмин намудани бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асоси ҳуқуқӣ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атом», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳии баъзе намудҳои фаъолият» аз 03.04.2007с. №172

Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: Шӯъбаи иҷозатномадиҳӣ ва назорат

Суроғаи расмии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: ш. Душанбе, кучаи Ҳамза Ҳакимзода 17а

Рақами телефони хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда:
Директор: тел.227-77-91; факс-225-55-48;
Шӯъбаи иҷозатномадиҳӣ ва назорат: 224-21-23

Нишонаи электронии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Сомонаи интернетии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: www.nrsa.tj

Вақтҳои кории хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: аз 8:00 то12:00, 13:00 то 17:00

Шахси масъул: Ахмедов Матин, Баротов Бахтиёр

Рақами телефони шахси масъул: 93 591-01-95 – Ахмедов Матин, 918 83-05-85 – Баротов Бахтиёр

Нишонаи электронии шахси масъул: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ; Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Рӯзҳои қабул ва вақтҳои кории шахси масъул: аз 8:00 то12:00, 13:00 то 17:00

Хироҷ барои баррасӣ намудани иҷозатнома:
- Барои намудҳои фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти ионофар ва фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактивӣ: Чор нишондиҳанда барои ҳисобот
- Барои намуди фаъолият, кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атом: даҳ нишондиҳанда барои ҳисобот

Хироҷ барои додани иҷозатнома:
- Барои намудҳои фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти ионофар ва фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактивӣ: даҳ нишондиҳанда барои ҳисобот
- Барои намуди фаъолият, кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атом: бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобот

Хироҷ барои аз нав додани иҷозатнома: ду нишондиҳанда барои ҳисобот

Мӯҳлати баррасии ариза ва додани иҷозатнома: на зиёда аз 30 рӯз, аз рӯзи ворид гардидани аризаи довталаби иҷозатнома.

Аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома: дар давоми 10 рӯз аз рӯзи ворид гардидани ариза амалӣ карда мешавад

Мӯҳлати амали иҷозатнома: 5 сол

Шарту талаботҳои иҷозатномадиҳӣ:
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мувофиқати роҳбарон ва иҷрокунандагони корҳо ба талаботҳои махсуси тахассуси, ки иҷрои корҳои дархостшударо таъмин менамоянд;
- мавҷудияти объектҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳову қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва сохтмонӣ, ки барои амали гардонидани намудҳои фаъолият муқаррар шудаанд ва бо асбобу анҷом ва таҷҳизоти махсус ҷиҳозонида шудаанд;
- мавҷудияти сертификати аттестатсионии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Номгӯй ва намунаи ҳуҷҷатҳое, ки барои ба даст овардани иҷозатнома заруранд:
1. ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:
2. барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва номи бонк;
3. барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;
4. намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро доранд ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин фаъолият анҷом дода мешавад;
5. барои шахси ҳуқуқӣ - нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ;
6. барои соҳибкори инфиродӣ - нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ;
7. -нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;
8. ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои барраси шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;
9. маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома.

Ҳуҷҷатҳои иловагӣ:
Барои намудҳои фаъолият ғайр аз истифодабарандагони дастгоҳҳои рентгении тиббӣ:
1. хулосаи мусбии макомоти назорати санитарию эпидемологи;
2. хулосаи мақоми давлатии назорати корҳо дар саноат ва кӯҳкорӣ;
3. хулосаи мақоми ҳифзи муҳити атров;
4. тавсифи мухтасари равандӣ корӣ;
5. барномаи таъмини сифати корҳо;
6. барномаи назорати таъмини сифати корҳо;
7. нақшаи эътино ба ҳолатҳои садамавӣ;
8. ҷузъдон (скоросшиватель).
Барои истифодабарандагони дастгоҳҳои рентгении тиббӣ:
1. хулосаи мусбии макомоти назорати санитарию эпидемологи;
2. тавсифи мухтасари равандӣ корӣ;
3. барномаи таъмини сифати корҳо;
4. барномаи назорати таъмини сифати корҳо;
5. нақшаи эътино ба ҳолатҳои садамавӣ;
6. хусусиятҳои техникии манбаҳои афканишоти ионофар;
7. тавсифи ҷои корӣ (нақшаи схематикӣ), муайянкунии минтақаҳои назоратӣ ва муоина;
8. дастурамал оиди интиқоли бехатарии манбаҳои афканишоти ионофар;
9. протоколи ченкуниҳои дозиметрӣ;
10. нусхаи фармонҳо оид ба гурӯҳи А ворид анмудани кормандон ва таъин намудани шахси масъул оид ба бехатарии радиатсионӣ;
11. ҷузъдон (скоросшиватель).

Намунаи Ариза (моддахои радиоактиви)

Намунаи ариза (манбахои иондокунанда)