Барои ба даст овардани иҷозатнома ба чи миқдор маблағ супоридан лозим аст?
There are no translations available.

I. Барои аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда барраси гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» нишон дода шудаанд, ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад. Барои барраси гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иxозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад. Ин маблағҳо баргардонида намешаванд.

II. Барои додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад. Хироxҷ додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пешбини шудаанд:
1) Барои додани иҷозатномаи фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонки ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад.
2) Барои додани иҷозатномаи фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ ба андозаи панxоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад.
3) Андозаи ҳақи иҷозатномадиҳӣ барои ташкилотҳое, ки фаъолияти истеҳсол ва фурӯши яклухти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдорро анҷом медиҳанд, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба андозаи ҳафтоду шаш нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар мешавад.
4) Барои ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фурӯши чаканаи машрубот ва маҳсулоти спиртдорро анҷом медиҳанд, барои додани иҷозатнома ба андозаи дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар соли амали иҷозатнома ҳақ муқаррар мешавад.
5) Барои истифодаи иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳар семоҳа ба андозаи 2,5 фоиз аз даромади иҷозатномадор ба буҷети давлатӣ хироҷ ситонида мешавад.
6) Андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳӣ барои гирифтани иҷозатномаи истифодабарии сарвати зери замин пардохти яккаратаи муқаррарӣ буда, дар ҳаҷми зерин пардохта мешавад:
a. вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зери замин ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо
b. вобаста ба ҷамъоварии коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо
c. вобаста ба истихроҷи нафту газ сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо
d. вобаста ба истихроҷи ангишт ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо
e. вобаста ба истифодаи дигар сарватҳои зери заминии маъданӣ сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо
f. вобаста ба истифодаи сарватҳои зери заминии ғайримаъданӣ ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо
g. вобаста ба истифодаи партовҳои истеҳсолотӣ истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва коркарди он шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо
h. вобаста ба истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо
i. вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданок бо усули заршӯии худфаъол ва худбиёр шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо
7) Барои додани иҷозатномаи истифодаи объектҳои олами наботот ва ҳайвонот ба андозаи панxоҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад.
8) Барои додани иҷозатнома барои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атом ба маблағи бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад.

III. Дар сурати аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад.