Рӯйхати мақомотҳои иҷозатномадиҳанда

1. Агентии назорати маводи нашъаоварӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Агентии бахатарии ядроии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Бонки Миллии Тоҷикистон
5. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Хадамоти муҳоҷират дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф
10. Вазорати Молия Ҷумҳурии Тоҷикистон
11. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
12. Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
13. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
14. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
15. Кумитаи заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
16. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
17. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
18. Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
19. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
20. Хадамоти Байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
21. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
22. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
23. Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
24. Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
25. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Саридораи Геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 


Кумитаи давлатии сармоягузори

Макомоти пешбаранда дар сохаи танзими низоми ичозатдихи.

 

Иҷозатнома (литсензия) чист?

ҳуҷҷати махсусест, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дода шудааст.

Иҷозатномаро роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда ё муовини ӯ имзо намуда, он бо мӯҳри ин мақомот тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки иҷозатнома аз ҷониби воҳидҳои сохтории мақомоти иҷозатномадиҳанда ё сохторҳои маҳаллии он дода мешавад, онро роҳбари воҳиди сохторӣ ё сохтори маҳаллии ин мақомот имзо намуда, бо мӯҳри ин мақомот тасдиқ менамояд.

Шахсони воқеӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ва соҳибкорони инфиродӣ, ки барои машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки бояд барои он иҷозатнома гирифта шавад, изҳори хоҳиш намудаанд, ӯҳдадоранд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ иҷозатнома гиранд. Бе иҷозатнома машғул шудан ба фаъолияте, ки бояд барои иҷрои он иҷозатнома гирифта шавад, манъ аст.

 

Ба намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда кадом намудҳои фаъолият дохил мешаванд?

Ба намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда намудҳои фаъолияте дохил мешаванд, ки амалӣ шудани онҳо метавонад ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлатӣ, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад ва танзими онҳо ба ғайр аз иҷозатномадиҳӣ бо роҳҳои дигар имконнопазир аст. Намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки иҷозатнома гирифтааст, метавонад амалӣ гардонида шавад. Амали иҷозатнома дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.

 

Иҷозатномадиҳӣ дар асоси кадом принсипҳо амалӣ мегардад?

Иҷозатномадиҳӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ мегардад:
1. Таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Муқаррар намудани номгӯи ягонаи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда
3. Муқаррар кардани тартиби ягонаи иҷозатномадиҳӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Кадом ҳуҷҷатҳо мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунанд?

Ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунад, инҳо мебошанд:
1. номи мақомоти иҷозатномадиҳанда
2. барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, суроғаи ҳуқуқӣ
3. барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он
4. намуди фаъолияти иҷозатномашаванда бо намудҳои кор (агар фаъолияти иҷозатномашаванда ба намудҳои кор тақсим шавад)
5. рақами бақайдгирӣ, рӯз ва мӯҳлати амали иҷозатнома
6. рақами мушаххаси (идентификатсионии) андозсупоранда
7. рақами иҷозатнома

 

Дар сурати гум кардани иҷозатнома, чи кор бояд кард?

Дар сурати гум кардани иҷозатнома, иҷозатномадор барои гирифтани дубликати иҷозатнома ҳуқуқ пайдо мекунад.

 

Оё иҷозатномадор ӯҳдадор аст иҷозатномаро тибқи дархости мақомоти иҷозатномадиҳанда ва андоз пешниҳод кунад?

Тибқи дархости мақомоти иҷозатномадиҳанда ва андоз иҷозатномадор ӯҳдадор аст иҷозатномаро пешниҳод кунад. Агар иҷозатномадор барои додани дубликат, азнавбарасмиятдарори ё дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома ариза дода бошад, пешниҳод кардани нусхаи иҷозатномаи пешина мумкин аст.

 

Намуди фаъолияте, ки барои амали намудани он иҷозатнома дода шудааст, аз ҷониби ки бояд амалӣ карда шавад?

Намуди фаъолияте, ки барои амалӣ намудани он иҷозатнома дода шудааст, метавонад танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки иҷозатнома гирифтааст, анҷом дода шавад. Фаъолияте, ки мақомоти иҷозатномадиҳанда барои иҷрои он иҷозатнома додааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карда мешавад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳолати дигарро пешбини накарда бошанд.

 

Шарту талаботи иxозатномадиҳӣ кадоманд?

 1. Яке аз шарту талаботи ҳатмии иҷозатномадиҳӣ ҳангоми аз ҷониби иҷозатномадор амалӣ кардани намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Нисбати намудҳои фаъолияти иҷозатномашавандае, ки барои амалӣ намудани онҳо дониши махсус талаб карда мешавад, талаботи тахассусӣ нисбати довталаби иҷозатнома ё иҷозатномадор, аз ҷумла нисбати кормандони шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, пешбини карда шудааст.
3. Ҳангоми зарурат мақомоти иҷозатномадиҳанда мутобиқати шароити фаъолиятро ба талаботи муқарраршуда, дар ҷояш месанҷанд.
4. Санҷишҳо аз ҳисоби маблағҳои аз буҷетҳои дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳанда ҷудогардида, гузаронида мешаванд.

 

Барои аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда барраси гардидани ариза чи миқдор маблағ ситонида мешавад?

Барои аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда барраси гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» нишон дода шудаанд, ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад. Барои барраси гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣба баъзе намудҳои фаъолият» нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад. Ин маблағҳо баргардонида намешаванд.

 

Барои аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда додани иҷозатнома чи миқдор маблағ ситонида мешавад?

Барои додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолияте, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад. Хироҷи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолияте, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пешбини шудаанд, дар фасли III қисми махсуси Низомнома « Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣба баъзе намудҳои фаъолият» муайян карда шудаанд.

 

Дар сурати аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба кадом андоза маблағ ситонида мешавад?

 Дар сурати аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад.

 

Барои дароз намудани амали иҷозатнома ба кадом андоза маблағ ситонида мешавад?

 Барои дароз намудани амали иҷозатнома ба ҳамон мӯҳлате, ки иҷозатнома дода шудааст, маблағ баробар ба хироҷи додани иҷозатнома ситонида мешавад. Хироҷ барои баррасии ариза ва додани иҷозатнома, инчунин барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқдунандаи мавҷудияти иҷозатнома ё дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома аз ҷониби иҷозатномадор дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ пардохт карда мешаванд. Пардохт мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Барои гирифтани дубликати иҷозатнома ба кадом андоза маблағ ситонида мешавад?

Барои гирифтани дубликати иҷозатнома, хироҷ ба андозае, ки барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ситонида мешавад, пардохт карда мешавад. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ надоранд, ки аз довталаби иҷозатнома маблағҳои пулие, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома « Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» зикр нашудаанд ситонад.

 

Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд кадомҳоянд?

Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд:
Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
-ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд: барои шахси ҳуқуқӣ
-ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва номи бонк барои соҳибкори инфиродӣ
-насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он
-намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро доранд ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин фаъолият анҷом дода мешавад барои шахси ҳуқуқӣ
-нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ барои соҳибкори инфиродӣ
-нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ
-нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз
-ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои барраси шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад
-маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иxозатнома
-рӯзи додани ариза ва имзои довталаб

 

Довталаби иҷозатнома ҳуҷҷатҳоро ба кадом забон пешниҳод бояд кунад?

Ҳуҷҷатҳоро довталаби иҷозатнома ба забони тоҷикӣ ё русӣ пешниҳод мекунад. Ҳуҷҷатҳое, ки шахсони хориҷӣ пешниҳод мекунанд ё аз хориҷа пешниҳод карда мешаванд, бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

 

Мӯҳлати қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома чанд рӯзро дар бар мегирад?

Мақомоти иҷозатномадиҳанда қарорро дар бораи додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати на зиёда аз си рӯзи ворид гардидани аризаи довталаби иҷозатнома, бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, баъд аз баррасии ҳуҷҷатҳо, гузаронидани экспертизаҳо, муоинаҳо ва дигар амалҳои зарурӣ қабул мекунад.

Баррасии ариза ва додани иҷозатнома аз ҷониби комиссия иҷро карда мешавад. Рӯз ва ҷои гузаронидани ҷаласаи комиссияи мақомоти иҷозатномадиҳанда бояд пешаки эълон карда шаванд. Довталаби иҷозатнома ё намояндаи ваколатдори он ҳақ дорад дар ҷаласаи комиссияи мақомоти иҷозатномадиҳанда иштирок кунад. Ба ҷаласа ҳозир нашудани шахсони номбурда барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.

 

Мақомоти иҷозатномадиҳанда хабарнома дар бораи додани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома дар кадом шакл ирсол менамояд?

Хабарнома дар бораи додани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома дар шакли хаттӣ бо қайди реквизити ҳисоби бонкӣ ва мӯҳлати пардохти маблағи хироҷи додани иҷозатнома фиристонида (супорида) мешавад. Мақомоти иҷозатномадиҳанда баъди се рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷи додани иҷозатнома ба иҷозатномадор ҳуҷҷатеро, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунад, ройгон медиҳад. Қарори мақомоти иҷозатномадиҳанда бо санади дахлдор ба расмият дароварда мешавад ва дар парвандаҳои он нигоҳ дошта мешавад. Тибқи дархости аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдори он, иқтибос аз протоколи дахлдор ё нусхаи санад ройгон дода мешаванд.

 

Мақомоти иҷозатномадиҳанда хабарнома дар бораи надодани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома дар кадом шакл ирсол менамояд?

Хабарнома дар бораи надодани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ фиристонида (супорида) мешавад.

 

Асосҳои надодани иҷозатнома кадоманд?

Асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:
-вуҷуд доштани маълумоти нодуруст ё таҳрифшуда дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома
-мутобиқ набудани довталаби иҷозатнома, объектҳои ба ӯ тааллуқдошта ё аз тарафи ӯ истифодашаванда ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ
-хулосаи манфии мақомоти дахлдор вобаста ба намуди фаъолияти дархостшаванда

Дар сурати аз ҷониби довталаби иҷозатнома дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳнома дар бораи надодани иҷозатнома бартараф гардидани, ариза бо тартиби муқаррарӣ бе пардохти такрорӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар сурати надодани иҷозатнома хироҷи баррасии ариза ба довталаби иҷозатнома баргардонида намешавад.

 

Раванди аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд?

Дар ҳолати азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани ном ё макони ҷойгиршавӣ ва ё тағйир ёфтани ном ё ҷои истиқомати соҳибкори инфиродиро тасдиқ менамояд, иҷозатномадор (шахси ҳуқуқӣ, вориси ҳуқуқии ӯ ё соҳибкори инфиродӣ) ӯҳдадор аст дар давоми на дертар аз понздаҳ рӯз барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима кунанд, ки тағйироти нишондодашударо тасдиқ менамоянд.

 

Мақомоти иҷозатномадиҳанда иҷозатномаро дар мӯҳлати чанд рӯз ба расмият медарорад?

Аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда дар давоми даҳ рӯз аз рӯзи ворид гардидани аризаи дахлдор анҷом дода мешавад. То аз нав ба расмият даровардан ва гирифтани иҷозатнома иҷозатномадор метавонад фаъолиятро дар асоси нусхаи иҷозатномаи пештар гирифташуда анҷом диҳад. Ҳангоми азнавбарасмиятдарории иҷозатнома санҷиши ғайринавбатӣ, муоина, экспертиза гузаронида намешаванд. Иҷозатномадор ҳақ дорад дар сурати рад гардидани азнавбарасмиятдарории иҷозатнома ба суд шикоят намояд.

 

Мӯҳлати амали иҷозатномаро дароз намудан мумкин аст ё не?

Мӯҳлати амали иҷозатнома ҳангоми ба охир расиданаш метавонад дар асоси аризаи иҷозатномадор дароз карда шавад. Мӯҳлати иҷозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунад ва ба мӯҳлати дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» барои ин намуди фаъолият пешбини гардида, дароз карда мешавад. Иҷозатномадор ҳақ дорад дар сурати рад гардидани дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома ба суд шикоят намояд.

 

Дар кадом ҳолатҳо амали иҷозатнома боздошта, бекор карда ва қатъ карда мешавад?

Боздоштани амали иҷозатнома дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
-риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ
-ба шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ додани иҷозатнома
-истеҳсол ва ё ба фурӯш баровардани маҳсулоти пастсифат, хизматрасонии пастсифат
-риоя накардани дигар талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми такроран ошкор кардани қонуншиканиҳо (ду ва зиёда маротиба) ё шарту талаботи иҷозатномадиҳиро дағалона вайрон намудани иҷозатномадор амали иҷозатномаро боздорад. Боздоштани амали иҷозатнома ҳамчунин дар ҳолатҳои истисноӣ, агар он барои пешгирии хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногенӣ, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист зарур бошад ва пешгирии ин ҳолатҳо бо роҳҳои дигар имконнопазир бошад, татбиқ карда мешавад. Нисбати қарори боздоштани амали иҷозатнома ва бекор кардани он бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст.

 

Салоҳиятҳои мақомоти иҷозатномадиҳанда кадомҳоянд?


Мақомоти иҷозатномадиҳанда салоҳият доранд, ки:
-иҷозатнома диҳанд
-ҳуҷҷатҳоеро аз нав ба расмият дароранд, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд
-мӯҳлати амали иҷозатномаҳоро дароз намоянд
-амали иҷозатномаро боздоранд
-амали иҷозатномаро барқарор созанд
-иҷозатномаро бекор кунанд
-феҳристи нчозатномаҳоро тартиб диҳанд
-ба риоя гардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби иҷозатномадор назорат кунанд

 

Оё мақомоти иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад фаъолияти иҷозатномадорро санҷад?

Мақомоти иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад фаъолияти иҷозатномадорро ҷиҳати мутобиқати он ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ санҷад. Санҷишҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» гузаронида мешавад.