Барои кадом намудҳои фаъолият иҷозатнома лозим аст?

Истеҳсолот/Энергетика/Саноат
1. Фаъолият оид ба истеҳсоли энергияи атом
2. Фаъолият оид ба ҳамлу нақли манбаҳои энергияи атом
3. Фаъолият оид ба фурӯши энергияи атом
4. Фаъолият, кор ва хизматрасони дар соҳаи истифодаи энергияи атом
5. Фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактивӣ
6. Фаъолият вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда
7. Фаъолият оид ба истеҳсол, додан ва тақсим кардани энергияи барқ
8. Фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи
9. Фаъолият оид ба фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга
10. Фаъолият оид ба коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо
11. Фаъолият оид ба холис кардани металлҳои қиматбаҳо
12. Фаъолият оид ба тайёр кардан, коркарди пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга
13. Рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо
14. Фаъолият оид ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку
15. Фаъолият оид ба воридот ва содироти маҳсулоти тамоку
16. Фаъолият оид ба истеҳсоли спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор
17. Фаъолият оид ба муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор
18. Фаъолият оид ба истеҳсол, коркард, истихроxи нафт, газ, ва ангишт
19. Фаъолият оид ба фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо
20. Фаъолият оид ба истифодаи шабакаҳои иншооти нафтӣ ва газӣ
21. Фаъолият оид ба нигоҳдории нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо
22. Фаъолият оид ба истихроҷи дигар сарватҳои зери заминии маъданӣ ва ғайримаъданӣ, аз ҷумла истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроxи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди он
23. Фаъолият вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зери замин ва ҷамъоварии коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ
24. Фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ.
25. Фаъолият оид ба истеҳсол намудани маснуоти тарфгарӣ.
26. Фаъолият оид ба паҳн намудани маснуоти тарфгарӣ
27. Фаъолият оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва химиявӣ доранд.
28. Фаъолият оид ба паҳн кардани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ
29. Фаъолият оид ба интиқол додани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ.
30. Фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ
31. Фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ.
32. Фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои махсуси техникие, ки барои ба даст овардани иттилооти махфӣ истифода мешаванд
33. Фаъолият оид ба истеҳсоли намудҳои маълуми воситаҳои ҳифзи маълумоти махфӣ
34. Фаъолият оид ба фурӯши моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо
35. Фаъолият оид ба кашонидани партовҳои хатарнок 36. Фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, истифодабарӣ, безараргардонӣ, ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок
37. Фаъолият оид ба ба даст овардан, истифодаи партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо
38. Фаъолият оид ба васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд
39. Фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ

Сохтмон/Харитасозӣ/Геодезия
1. Корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо, ва иморату иншоот.
2. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ: вобаста ба корҳое, ки ба сохтмон алоқаманд мебошанд.
3. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
4. Фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ
5. Фаъолият оид ба васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои аз сӯхтор пешгири кардани биною иншоотҳо
6. Фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ

Тиҷорат (фурӯш)
1. Фаъолият оид ба фурӯши энергияи атом
2. Фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он
3. Фаъолият оид ба фурӯши маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда (қоғазҳои қиматнок)
4. Фаъолият оид ба хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо
5. Фаъолият оид ба фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга
6. Фаъолият оид ба аз аҳоли харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо
7. Фаъолият оид ба фурӯши моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо
8. Фаъолият оид ба харид ва фурӯх тани воситаҳои махсу си техникие, ки барои ба даст овардани иттилоотти махфӣ истифда бурда мешаванд
9. Фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо
10. Фаъолият оид ба воридот ва содироти маҳсулоти тамоку
11. Фаъолият оид ба муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор
12. Фаъолият оид ба фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо

Тандурустӣ/Фаъолияти фармасевтӣ
1. Фаъолияти фармасевтӣ
2. Таҳсилоти тиббию фармасевтӣ
3. Фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва тайёр намудани ашёи хоми доруворӣ
4. Фаъолият оид ба киштукори растанҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ
5. Фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, ки дар соҳаи тандурустӣ истифода мешаванд
6. Фаъолияти муомилоти қонунии прекурсорҳо
7. Фаъолияти хусусии тиббӣ
8. Хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ
9. Фаъолият оид ба истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда
10. Фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасионӣ

Маориф/Таҳсилот
1. Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълим
2. Таҳсилоти тиббию фармасевтӣ

Нақлиёт
1. Фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ
2. Мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ
3. Мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан
4. Фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ
5. Фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ
6. Хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан
7. Фаъолият оид ба ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ
8. Фаъолият оид ба хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ
9. Фаъолият оид ба кашонидани партовҳои хатарнок
10. Фаъолият оид ба интиқол додани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ.

Алоқа
1. Фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ
2. Фаъолияти соҳаи телевизиону радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовижуалӣ

Хоҷагии қишлоқ/Ҳифзи муҳити зист
1. Фаъолияти хусусии байторӣ
2. Истифодаи объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд
3. Фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд
4. Фаъолият оид ба фурӯши моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо
5. Фаъолият оид ба кашонидани партовҳои хатарнок
6. Фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, истифодабарӣ, безараргардонӣ, ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок
7. Фаъолият оид ба ба даст овардан, истифодаи партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо
8. Фаъолият оид ба васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд

Хизматрасонӣ
1. Фаъолият, кор ва хизматрасони дар соҳаи истифодаи энергияи атом
2. Васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои аз сӯхтор пешгири кардани биною иншоотҳо
3. Хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ
4. Фаъолият оид ба васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд
5. Фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан
6. Фаъолият оид ба ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ
7. Таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ
8. Истифодаи шабакаҳои иншооти нафтӣ ва газӣ
9. Нигоҳдории нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо
10. Бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
11. Фаъолияти ломбардҳо
12. Ташкилу нигоҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо
13. Кашонидани партовҳои хатарнок
14. Ҷамъоварӣ, истифодабарӣ, безараргардонӣ, ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок
15. Ба даст овардан, истифодаи партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо
16. Фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд
17. Паҳн намудани маснуоти тарфгарӣ
18. Паҳн кардани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ
19. Интиқол додани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ.
20. Фаъолият дар соҳаи имзоҳои рақамии электронӣ
21. Фаъолияти соҳаи телевизиону радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовижуалӣ
22. Фаъолияти адвокати ваколатдор
23. Фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)
24. Ошкор намудани таҷҳизоти электроние, ки барои махфи қабул намудани маълумот дар биноҳо ва воситаҳои техникӣ таъин гардидаанд
25. Ҳифзи техникии маълумоти махфи

Туризм
1. фаъолияти туристӣ

Молия/Бонк/Хизматрасонии консултингӣ
1. Фаъолият дар соҳаи биржа
2. Фаъолияти суғуртавӣ
3. Фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок
4. Фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ
5. Фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ
6. Фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ(ва фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд)
7. Фаъолияти бюрои таърихи қарз
8. Аудити ташкилотҳои бонкӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилоти амонатии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурд
9. Фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа
10. Аудити биржаҳо, фондҳои ғайрибуҷети, ташкилотҳои инвеститсионӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ, аудити умумӣ
11. Иҷозатнома барои фаъолияти кормандони масъули патентӣ
12. Фаъолияти ломбардҳо
13. Фаъолият оид ба фурӯши маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда (қоғазҳои қиматнок)

 


Кумитаи давлатии сармоягузори

Макомоти пешбаранда дар сохаи танзими низоми ичозатдихи.

 

Иҷозатнома (литсензия) чист?

ҳуҷҷати махсусест, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дода шудааст.

Иҷозатномаро роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда ё муовини ӯ имзо намуда, он бо мӯҳри ин мақомот тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки иҷозатнома аз ҷониби воҳидҳои сохтории мақомоти иҷозатномадиҳанда ё сохторҳои маҳаллии он дода мешавад, онро роҳбари воҳиди сохторӣ ё сохтори маҳаллии ин мақомот имзо намуда, бо мӯҳри ин мақомот тасдиқ менамояд.

Шахсони воқеӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ва соҳибкорони инфиродӣ, ки барои машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки бояд барои он иҷозатнома гирифта шавад, изҳори хоҳиш намудаанд, ӯҳдадоранд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ иҷозатнома гиранд. Бе иҷозатнома машғул шудан ба фаъолияте, ки бояд барои иҷрои он иҷозатнома гирифта шавад, манъ аст.

 

Ба намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда кадом намудҳои фаъолият дохил мешаванд?

Ба намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда намудҳои фаъолияте дохил мешаванд, ки амалӣ шудани онҳо метавонад ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлатӣ, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад ва танзими онҳо ба ғайр аз иҷозатномадиҳӣ бо роҳҳои дигар имконнопазир аст. Намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки иҷозатнома гирифтааст, метавонад амалӣ гардонида шавад. Амали иҷозатнома дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.

 

Иҷозатномадиҳӣ дар асоси кадом принсипҳо амалӣ мегардад?

Иҷозатномадиҳӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ мегардад:
1. Таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Муқаррар намудани номгӯи ягонаи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда
3. Муқаррар кардани тартиби ягонаи иҷозатномадиҳӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Кадом ҳуҷҷатҳо мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунанд?

Ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунад, инҳо мебошанд:
1. номи мақомоти иҷозатномадиҳанда
2. барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, суроғаи ҳуқуқӣ
3. барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он
4. намуди фаъолияти иҷозатномашаванда бо намудҳои кор (агар фаъолияти иҷозатномашаванда ба намудҳои кор тақсим шавад)
5. рақами бақайдгирӣ, рӯз ва мӯҳлати амали иҷозатнома
6. рақами мушаххаси (идентификатсионии) андозсупоранда
7. рақами иҷозатнома

 

Дар сурати гум кардани иҷозатнома, чи кор бояд кард?

Дар сурати гум кардани иҷозатнома, иҷозатномадор барои гирифтани дубликати иҷозатнома ҳуқуқ пайдо мекунад.

 

Оё иҷозатномадор ӯҳдадор аст иҷозатномаро тибқи дархости мақомоти иҷозатномадиҳанда ва андоз пешниҳод кунад?

Тибқи дархости мақомоти иҷозатномадиҳанда ва андоз иҷозатномадор ӯҳдадор аст иҷозатномаро пешниҳод кунад. Агар иҷозатномадор барои додани дубликат, азнавбарасмиятдарори ё дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома ариза дода бошад, пешниҳод кардани нусхаи иҷозатномаи пешина мумкин аст.

 

Намуди фаъолияте, ки барои амали намудани он иҷозатнома дода шудааст, аз ҷониби ки бояд амалӣ карда шавад?

Намуди фаъолияте, ки барои амалӣ намудани он иҷозатнома дода шудааст, метавонад танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки иҷозатнома гирифтааст, анҷом дода шавад. Фаъолияте, ки мақомоти иҷозатномадиҳанда барои иҷрои он иҷозатнома додааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карда мешавад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳолати дигарро пешбини накарда бошанд.

 

Шарту талаботи иxозатномадиҳӣ кадоманд?

 1. Яке аз шарту талаботи ҳатмии иҷозатномадиҳӣ ҳангоми аз ҷониби иҷозатномадор амалӣ кардани намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Нисбати намудҳои фаъолияти иҷозатномашавандае, ки барои амалӣ намудани онҳо дониши махсус талаб карда мешавад, талаботи тахассусӣ нисбати довталаби иҷозатнома ё иҷозатномадор, аз ҷумла нисбати кормандони шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, пешбини карда шудааст.
3. Ҳангоми зарурат мақомоти иҷозатномадиҳанда мутобиқати шароити фаъолиятро ба талаботи муқарраршуда, дар ҷояш месанҷанд.
4. Санҷишҳо аз ҳисоби маблағҳои аз буҷетҳои дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳанда ҷудогардида, гузаронида мешаванд.

 

Барои аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда барраси гардидани ариза чи миқдор маблағ ситонида мешавад?

Барои аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда барраси гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» нишон дода шудаанд, ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад. Барои барраси гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣба баъзе намудҳои фаъолият» нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад. Ин маблағҳо баргардонида намешаванд.

 

Барои аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда додани иҷозатнома чи миқдор маблағ ситонида мешавад?

Барои додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолияте, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад. Хироҷи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолияте, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пешбини шудаанд, дар фасли III қисми махсуси Низомнома « Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣба баъзе намудҳои фаъолият» муайян карда шудаанд.

 

Дар сурати аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба кадом андоза маблағ ситонида мешавад?

 Дар сурати аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад.

 

Барои дароз намудани амали иҷозатнома ба кадом андоза маблағ ситонида мешавад?

 Барои дароз намудани амали иҷозатнома ба ҳамон мӯҳлате, ки иҷозатнома дода шудааст, маблағ баробар ба хироҷи додани иҷозатнома ситонида мешавад. Хироҷ барои баррасии ариза ва додани иҷозатнома, инчунин барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқдунандаи мавҷудияти иҷозатнома ё дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома аз ҷониби иҷозатномадор дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ пардохт карда мешаванд. Пардохт мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Барои гирифтани дубликати иҷозатнома ба кадом андоза маблағ ситонида мешавад?

Барои гирифтани дубликати иҷозатнома, хироҷ ба андозае, ки барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ситонида мешавад, пардохт карда мешавад. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ надоранд, ки аз довталаби иҷозатнома маблағҳои пулие, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома « Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» зикр нашудаанд ситонад.

 

Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд кадомҳоянд?

Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд:
Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
-ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд: барои шахси ҳуқуқӣ
-ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва номи бонк барои соҳибкори инфиродӣ
-насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он
-намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро доранд ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин фаъолият анҷом дода мешавад барои шахси ҳуқуқӣ
-нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ барои соҳибкори инфиродӣ
-нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ
-нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз
-ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои барраси шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад
-маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иxозатнома
-рӯзи додани ариза ва имзои довталаб

 

Довталаби иҷозатнома ҳуҷҷатҳоро ба кадом забон пешниҳод бояд кунад?

Ҳуҷҷатҳоро довталаби иҷозатнома ба забони тоҷикӣ ё русӣ пешниҳод мекунад. Ҳуҷҷатҳое, ки шахсони хориҷӣ пешниҳод мекунанд ё аз хориҷа пешниҳод карда мешаванд, бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

 

Мӯҳлати қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома чанд рӯзро дар бар мегирад?

Мақомоти иҷозатномадиҳанда қарорро дар бораи додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати на зиёда аз си рӯзи ворид гардидани аризаи довталаби иҷозатнома, бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, баъд аз баррасии ҳуҷҷатҳо, гузаронидани экспертизаҳо, муоинаҳо ва дигар амалҳои зарурӣ қабул мекунад.

Баррасии ариза ва додани иҷозатнома аз ҷониби комиссия иҷро карда мешавад. Рӯз ва ҷои гузаронидани ҷаласаи комиссияи мақомоти иҷозатномадиҳанда бояд пешаки эълон карда шаванд. Довталаби иҷозатнома ё намояндаи ваколатдори он ҳақ дорад дар ҷаласаи комиссияи мақомоти иҷозатномадиҳанда иштирок кунад. Ба ҷаласа ҳозир нашудани шахсони номбурда барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.

 

Мақомоти иҷозатномадиҳанда хабарнома дар бораи додани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома дар кадом шакл ирсол менамояд?

Хабарнома дар бораи додани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома дар шакли хаттӣ бо қайди реквизити ҳисоби бонкӣ ва мӯҳлати пардохти маблағи хироҷи додани иҷозатнома фиристонида (супорида) мешавад. Мақомоти иҷозатномадиҳанда баъди се рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷи додани иҷозатнома ба иҷозатномадор ҳуҷҷатеро, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунад, ройгон медиҳад. Қарори мақомоти иҷозатномадиҳанда бо санади дахлдор ба расмият дароварда мешавад ва дар парвандаҳои он нигоҳ дошта мешавад. Тибқи дархости аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдори он, иқтибос аз протоколи дахлдор ё нусхаи санад ройгон дода мешаванд.

 

Мақомоти иҷозатномадиҳанда хабарнома дар бораи надодани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома дар кадом шакл ирсол менамояд?

Хабарнома дар бораи надодани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ фиристонида (супорида) мешавад.

 

Асосҳои надодани иҷозатнома кадоманд?

Асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:
-вуҷуд доштани маълумоти нодуруст ё таҳрифшуда дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома
-мутобиқ набудани довталаби иҷозатнома, объектҳои ба ӯ тааллуқдошта ё аз тарафи ӯ истифодашаванда ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ
-хулосаи манфии мақомоти дахлдор вобаста ба намуди фаъолияти дархостшаванда

Дар сурати аз ҷониби довталаби иҷозатнома дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳнома дар бораи надодани иҷозатнома бартараф гардидани, ариза бо тартиби муқаррарӣ бе пардохти такрорӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар сурати надодани иҷозатнома хироҷи баррасии ариза ба довталаби иҷозатнома баргардонида намешавад.

 

Раванди аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд?

Дар ҳолати азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани ном ё макони ҷойгиршавӣ ва ё тағйир ёфтани ном ё ҷои истиқомати соҳибкори инфиродиро тасдиқ менамояд, иҷозатномадор (шахси ҳуқуқӣ, вориси ҳуқуқии ӯ ё соҳибкори инфиродӣ) ӯҳдадор аст дар давоми на дертар аз понздаҳ рӯз барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима кунанд, ки тағйироти нишондодашударо тасдиқ менамоянд.

 

Мақомоти иҷозатномадиҳанда иҷозатномаро дар мӯҳлати чанд рӯз ба расмият медарорад?

Аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда дар давоми даҳ рӯз аз рӯзи ворид гардидани аризаи дахлдор анҷом дода мешавад. То аз нав ба расмият даровардан ва гирифтани иҷозатнома иҷозатномадор метавонад фаъолиятро дар асоси нусхаи иҷозатномаи пештар гирифташуда анҷом диҳад. Ҳангоми азнавбарасмиятдарории иҷозатнома санҷиши ғайринавбатӣ, муоина, экспертиза гузаронида намешаванд. Иҷозатномадор ҳақ дорад дар сурати рад гардидани азнавбарасмиятдарории иҷозатнома ба суд шикоят намояд.

 

Мӯҳлати амали иҷозатномаро дароз намудан мумкин аст ё не?

Мӯҳлати амали иҷозатнома ҳангоми ба охир расиданаш метавонад дар асоси аризаи иҷозатномадор дароз карда шавад. Мӯҳлати иҷозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунад ва ба мӯҳлати дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» барои ин намуди фаъолият пешбини гардида, дароз карда мешавад. Иҷозатномадор ҳақ дорад дар сурати рад гардидани дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома ба суд шикоят намояд.

 

Дар кадом ҳолатҳо амали иҷозатнома боздошта, бекор карда ва қатъ карда мешавад?

Боздоштани амали иҷозатнома дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
-риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ
-ба шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ додани иҷозатнома
-истеҳсол ва ё ба фурӯш баровардани маҳсулоти пастсифат, хизматрасонии пастсифат
-риоя накардани дигар талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми такроран ошкор кардани қонуншиканиҳо (ду ва зиёда маротиба) ё шарту талаботи иҷозатномадиҳиро дағалона вайрон намудани иҷозатномадор амали иҷозатномаро боздорад. Боздоштани амали иҷозатнома ҳамчунин дар ҳолатҳои истисноӣ, агар он барои пешгирии хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногенӣ, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист зарур бошад ва пешгирии ин ҳолатҳо бо роҳҳои дигар имконнопазир бошад, татбиқ карда мешавад. Нисбати қарори боздоштани амали иҷозатнома ва бекор кардани он бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст.

 

Салоҳиятҳои мақомоти иҷозатномадиҳанда кадомҳоянд?


Мақомоти иҷозатномадиҳанда салоҳият доранд, ки:
-иҷозатнома диҳанд
-ҳуҷҷатҳоеро аз нав ба расмият дароранд, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд
-мӯҳлати амали иҷозатномаҳоро дароз намоянд
-амали иҷозатномаро боздоранд
-амали иҷозатномаро барқарор созанд
-иҷозатномаро бекор кунанд
-феҳристи нчозатномаҳоро тартиб диҳанд
-ба риоя гардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби иҷозатномадор назорат кунанд

 

Оё мақомоти иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад фаъолияти иҷозатномадорро санҷад?

Мақомоти иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад фаъолияти иҷозатномадорро ҷиҳати мутобиқати он ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ санҷад. Санҷишҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» гузаронида мешавад.