Иҷозат чист?

Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ – ин ҳуҷҷати маъмурии дорои хислати иҷозатдиҳӣ мебошад. Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳӣ додашуда, ҳуқуқи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барои амалинамоии фаъолият ва ё амалиёти соҳибкорӣ дар давоми мӯҳлати муқарраргардида бо риояи ҳатмии шартҳои иҷозатдиҳӣ тасдиқ менамояд. Дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ин шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ мебошад, ки барои амалинамоии намуди мушаххаси фаъолият ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дорад.

Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар шакли иҷозат, сертификат, хулоса, тасдиқнома, мувофиқакунонӣ, визагузорӣ, патент, шаҳодатнома, аттестати тахассусӣ, навиштаҷоти иҷозатдиҳӣ, гувоҳнома, санади муоина, санади баҳодиҳӣ (арзёбӣ), аккредитатсия ва дигар намуд ҳуҷҷатҳои дорои хислати иҷозатдиҳӣ дода мешавад.

Мақомоти иҷозатдиҳӣ ваколати додан, азнав барасмиятдаровардан, боздоштан, барқарор намудани амал ва бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, додани нусхаҳо ва дубликатҳои ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, назорати риояи шартҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, додани амрномаҳо оид ба бартараф намудани ин шартҳоро дорад.