Истифодабарии феҳрист

Истифодабарии феҳристи ягонаи электронӣ Мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ (литсензия) ба баъзе намудҳои фаъолият” ва қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, барои ба роҳ мондани баъзе намудҳои фаъолият, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бояд иҷозатнома (литсензия) ва ё иҷозат ба даст оранд.

Феҳристи ягонаи электронӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ якчанд роҳи ба даст овардани маълумот ва ҳуҷҷатҳои лозимаро доир ба иҷозатнома (литсензия) ва ё иҷозат пешкаш менамояд.

Ҷустуҷӯи иҷозатнома (литсензия) ва ё иҷозат: ба шумо имконият медиҳад маълумоти амиқ ва пурра оид ба иҷозатнома (литсензия) ва ё иҷозатдиҳиро, ба тариқи истифода бурдани номгӯи иҷозатнома (литсензия) ва ё иҷозат, намуди фаъолият, соҳаи фаъолият ва мақомоти иҷозатнома ва ё иҷозатдиҳанда дастрас намоед.

Ҷустуҷӯи иҷозатнома (литсензия) ва ё иҷозат ба тариқи ҷойгиршавии сарҳарфи он:
Инчунин феҳристи электронӣ ба шумо имконият медиҳад маълумот доир ба иҷозатнома ва ё иҷозатдиҳиро ба тариқи ҷойгиршавии сарҳарфи номгӯи иҷозатнома (литсензия) ва ё иҷозат дар алифбо ҷустуҷӯй намоед.