Иҷозатнома (литсензия) чист?

Иҷозатнома (литсензия) – ин ҳуҷҷати маъмурии махсусест, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дода шудааст.

Ба намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда намудҳои фаъолияте дохил мешаванд, ки амалӣ шудани онҳо метавонад ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлатӣ, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад ва танзими онҳо ба ғайр аз иҷозатномадиҳӣ бо роҳҳои дигар имконнопазир аст. Намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки иҷозатнома гирифтааст, метавонад амалӣ гардонида шавад. Амали иҷозатнома дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.

Иҷозатномадиҳӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ мегардад:
1. Таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Муқаррар намудани номгӯи ягонаи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда;
3. Муқаррар кардани тартиби ягонаи иҷозатномадиҳӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 Матни пурраи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иxозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият