28 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Шӯро, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ҷаласаи XXIII Шӯро баргузор гардид. Пешвои миллат, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, яке аз омилҳои асосӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар пазируфта шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои соҳибкории занону бонувон лоиҳаи Барномаи рушди соҳибкории занон барои давраи то соли 2027 таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардидааст. Дар муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг” Далер Шарифӣ, роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Шукрона” Наврӯзова Шукрона, роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел, роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии “Саноатсодиротбонк” Ҳокимшоҳ Бобозода, роҳбари Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ленни Монтиел ва Директори иҷроияи Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Наима Нурматова баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд. Сарвари давлат зарур шумориданд, ки ҷиҳати дастгирии молиявии ташаббусҳои ҷавонон дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ба роҳ мондани машварати коршиносони соҳавӣ ва мубодилаи таҷрибаю иттилоот дар соҳаи соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки механизмҳои самарабахши ҳамкориро бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии соҳибкорони ҷавон барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавонони соҳибкор роҳандозӣ намоянд. Ба шарикони рушд тавсия дода шуд, ки дар амалисозии барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо иштироки ҷавонон, бахусус дар самти татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, стартапҳо, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тиҷорати электронӣ ва паркҳои технологӣ саҳми бештар гузоранд.