Санаи 29 ноябри соли 2023 бо мақсади шиносои аз вилояти Хатлон Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия аз маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” ва корхонаҳои минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” боздид ба амал овард. Маълумот дода шуд, ки корхона аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин муҷаҳҳаз аст. Маҳсулоти тайёри корхона, аз қабили либос, ришта ва матои кешбофӣ ба Русия, Туркия, Беларус, Полша, Озарбойҷон, Чин ва Покистон содирот мешавад. Айни замон дар марҳилаи якуми лоиҳа 269 нафар, марҳилаи дуюм 138 нафар, марҳилаи сеюм 262 нафар ва дар марҳилаи чорум 260 нафар ва дар маҷмуъ дар корхона 1400 нафар коргар ба кор ҷалб шудаанд. Дар оянда бо баланд бардоштани иқтидори корхона ва ташкили се баст дар коргоҳҳо шумораи коргарон ба 2000 нафар расонида мешавад. Дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” сармоягузорон аз фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли рангу бор, профилҳои алюминӣ, истеҳсоли тамоку ва нафт шинос шуданд. Ба сармоягузорон, маълумот вобаста ба имтиёзҳои андозию гумрукии минтақаҳои озиди иқтисодии кишвар дода шуд. Дар фарҷом аз сармоягузорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ саҳм гузошта, барои ташкили корхонаҳои муштарак таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.